album cover
Sarshuyon
album cover
00:00
00:10
00:15
00:25
05:35
05:55
06:35
07:20
07:40
00:00
09:08
Past 7 Days
Sarshuyon was discovered most frequently at around 7 minutes and 20 seconds into the song during the past week

Lyrics

[Verse 1]
Ҳавлии калон ҷоҳои гашти очамай,
Ҳар гӯшаи хона саргзашти очамай.
Имрӯз, ки мерам, очаҷон, ай хона,
Доғои ҷудоӣ ба дилм мемона.
[Verse 2]
Шӯяк, шӯякш бикунен хоҳара,
Хоҳараки хшрӯи тути тара.
[Verse 3]
Долони дароз, дхтаро шишта ба ноз,
Пеши қадамт, хоҳари ҷон, роҳи дароз.
Эй дхтарако, гапои хшруш бген,
Баргашта намеоя дига дхтари соз.
[Verse 4]
Шӯяк, шӯяк, шӯяшк,
Холаи саршӯякш,
Оста бзан шонара,
Накана як мӯякш.
[Verse 5]
Эй очаи ҷон, илоҳ, илоҳит кардм,
Хокистари кӯчата кулолӣ кардм.
Ҳаждаҳ сари сол хоната бонӣ кардм,
Имрӯз, ки мерам, хоната холӣ кардм.
[Verse 6]
Шӯяк, шӯяк, шӯяшк,
Холаи саршӯякш,
Оста бзан шонара,
Накана як мӯякш.
[Verse 7]
Дашти калонайе,
Лола надора,
Аруси мора мебаран, шаҳ интизорай.
[Verse 8]
Олучаву олучаву зардолуча,
Бачара касал меган, зиқм оча.
Ҳар гаҳ, ки мерам сари болини бача,
Нолиш мекна, тоқат надорм, оча.
[Verse 9]
Ай хона бромадм, самандар мерам,
Ма дхтари беоча кадом дар мерам,
Дхтарои очадор сангм назанен,
Дар ҷигари пураламум ханҷар назанен.
[Verse 10]
И чархи фалак боло бдм, пастм кард,
Дасмонаи бегонара дар дастм кард,
Коре кадай моиндари гапдонм,
Ҷое, ки дилум набуд, барқастм кард,
[Verse 11]
Эй очаи ҷон, чиба калонм кардӣ,
Ширм додӣ, ситам ба ҷонм кардӣ,
Аввал ба азизгиё калонм кардӣ,
Охир ба ғарибиё равонм кардӣ.
[Verse 12]
Ай барги гули олуча духтум чодар,
Ҷонм, ки ба лаб расид, гуфтум: «Модар!»
Мардумо мега: «Оча хубай, моиндар?»
Мара бикуша дар хоки пои модар.
[Verse 13]
Сари чагдони банур
Омадай бачаи зӯр,
Ма намерам очае,
Мара мебаран ба зур.
[Verse 14]
Олучаву олучаву зардолуча,
Бачара касал меган, зиқм оча.
Ҳар гаҳ, ки мерам сари болини бача,
Нолиш мекна, тоқат надорм, оча.
[Verse 15]
Чодар ба сарм, оҳиста по мемонм,
Ай бачаи қадбланд оҳ тарсонм,
И бачаи қадбланд шоҳи Балхай,
Аввали гапш ширину охир талхай.
[Verse 16]
Имшав чӣ шавай, алови лал месузум,
Чени қади ёр ҷомаи нав медузум.
Сузанум шикаст, ба хору хас медузум,
Ресмон камӣ кард, ба муи сар медузум.
[Verse 17]
Ҳавлини калон дорем, гул мекорем,
Ғамҳоша ба бӯи хуши гул меброрем.
Шабҳои дароз такя бар деворем.
Ай ёраки бадқавл аламҳо дорем.
[Verse 18]
Як села кабутарем дар тори ҳаво,
Порина ба ҳам будем, имсол ҷидо.
Порина ба ҳам будем, ба ҳам мегашгем,
Имсол-ҷидо шидем, ба ғам пайвастем.
[Verse 19]
Сари чагдони банур
Омадай бачаи зӯр,
Ма намерам очае,
Мара мебаран ба зур.
[Verse 20]
Гларус равонайе,
Очаша бин, гирёнай.
Лабакш хандонайе,
Ҷигаракош бирёгай,
[Verse 21]
Як навдаи гл дар паси дар афтодай,
Шукронаи ин хона, ки хш ободай,
Эй мардми шаҳр, хостгорӣ накунен,
Як бачаи сабзина қалингш додай.
[Verse 22]
Гларус равонайе,
Очаша бин, гирёнай.
Лабакш хандонайе,
Ҷигаракош бирёгай,
Written by: Zulaykho Mahmadshoeva
instagramSharePathic_arrow_out􀆄 copy􀐅􀋲

Loading...