album cover
Modarnoma
5
Hip-Hop/Rap
Modarnoma adlı parça albümünün bir parçası olarak Bakhrom Primkulov Music tarafından 21 Aralık 2024 tarihinde yayınlandı6
album cover
Albüm6
Çıkış Tarihi21 Aralık 2024
FirmaBakhrom Primkulov Music
Melodiklik
Akustiklik
Valence
Dans Edilebilirlik
Enerji
BPM119

Krediler

PERFORMING ARTISTS
Shahriyor
Shahriyor
Performer
Oliver M Smith
Oliver M Smith
Piano
COMPOSITION & LYRICS
Bakhrom Primkulov
Bakhrom Primkulov
Songwriter
PRODUCTION & ENGINEERING
Oliver M Smith
Oliver M Smith
Producer
Bakhrom Primkulov
Bakhrom Primkulov
Co-Producer
Bruno Ellingham
Bruno Ellingham
Mixing Engineer
Jason Mitchell
Jason Mitchell
Mastering Engineer

Şarkı sözleri

Модарҷон! Чӣ тавред? Сиҳат саломат?!
Ёдатон кардаам ман бениҳоят!
Кору борам ҳама хубу дилам шод,
Омадам, пур зи ёд..Ба ёди зиёд!
Ҳеҷ кас хабар гар нашавад, беҳтар аст
Шоми дидори мо зи ҳамдигар аст.
Модаро! Қалбатон парешон чаро?!
Тану ҷонам сиҳат! Қасам бар Худо!
Модаро! Чойро худам дам кунам,
Дар куҷо кишмишу асал, медонам...
Пеши ман беғамак нишинед даме,
Ман кунам хизмати шуморо каме..
Қанд овардам камтараке, аз ҳамон,-
Аз ҳамоне, ки додаед як замон.
Қанди як лаҳза шодии зиндагӣ,
Қанди ширин - табассуми кӯдакӣ..
Ин ҳамон қанде,- ширин монанди панд,
Маззааш монад ба коми ҳар фарзанд.
Баҳратон мепазам, Модари гулам,
Буғкабоби бамазза! Ҷону дилам!
Маслиҳат ин, ба пеши ман дигар бор,
Гӯшти онро наниҳед ин сон бисёр..
Помидору пиёзашро ман бояд,
Реза созам, ки аз чашмам об ояд,
Об ояду пиёзаке баҳона,
Ашки пинҳони ман шавад равона..
...Аз ёди ман нарафта чун афсона,
Бӯи самбӯса аз самбӯсахона..
Аз дур истода мекардам тамошо,
Бо иштиҳо, бо хоҳишу таманно.
Аз бӯи самбӯса сарам занад чарх,
Ашкам дар чашмони тарам занад чарх.
Мебарорам ҳар чӣ дорам аз ҳамён,
Ба як самбӯса мерасад! Шукри он!
Газидам самбӯсаро! Оҳ! Бамазза!
Ба Шумо ҳам медиҳам ман ин лаҳза!
Чашматон сер, эй модари ҷононам!
Хандон бигӯедам: ту хӯр эй ҷонам!
Аммо..чаро ман гиря мекунам боз?!
Ҳамааш нағз! Андаке тез ин пиёз!!!
Шумо меҳмони азизу шоиста ,
Хилъататонро кашида..оҳиста.
Кафшатонро ҳам бимонам ҷо ба ҷо,
Тоза кунам мисли ойина онро...
Шумо баиштиҳо бошед, эй модар,
Табақро ман мешӯям дар як назар.
Аҳмад Зоирро якҷоя гӯш кунем,
Ғамҳои оламро фаромӯш кунем.
Тирезаро кушода монам, агар,
Ғамҳои сурудаш намояд пар-пар...
Акнун нишинед як даме чун шоҳон,
Болои тахти зарҳалӣ, Модарҷон!
Дар зери поятон биҳишти олам,
Ба қадратон акнун расидам ман ҳам...
Фарқи неку бадро каме донистам,
Намедонистам ман ҳадро, донистам.
...Бароятон сирри дигар кушоям,
Либосе, ки харидед аз бароям.
Ҳамон замон дурӯғатон гуфтам ман,
Аз паси гурба надарид он дар тан.
Сабабро гӯям, нашавед мушавваш,
Барои духтаре кардам кашокаш...
Бубахшедам, пули китобу дафтар,
Ҳама шуд сарфи ошиқӣ, ба дилбар..
Иди ошиқону кино бар кино,
Баробар не, яке ба ишқи Шумо!
Шумо чое бинӯшед, эй Модарҷон,
Афсонае гӯям ман аз мурғакон.
Хушбахтиву бадбахтии онҳоро,
Донад Худо, бо захми ҷону дилҳо..
Мурғак захмин шуд, сӯзише дар ҷонаш,
Ғами гармиву сардӣ дар равонаш.
Рӯзу шабҳо савдои оламро дид,
Гум карданро огаҳ шуду ғамро дид.
Хиёнат зад ба синаи он ханҷар,
Каму ғами зиндагӣ омад ба сар.
Ӯ тавоно шуд, қаноташ баромад,
Бар осмони ҳаёташ баромад...
Мурғон ба пардозанд агар дар само,
Мекунад шодӣ дили мову шумо!
Замин аз мурғону само аз мурғон,
Аммо нарафт аз ёдашон як макон.
Макон, Ватан- сеҳре дорад модарҷон,
Ба монанди оғӯши пурмеҳратон!
Акнун қиссаи дигаре, Модарҷон,
Аз набераҳо, ки шуда кап-калон ...
Монанди ман содадилу беғубор,
Хушчеҳраву хушсуҳбату бахтиёр.
Бодиққат нигаҳ намоям сӯяшон,
Акси шуморо бинам дар рӯяшон!!
... Ёдатон бошад, як рӯзи соле буд
Наврасии шӯху бемисоле буд.
Якравӣ кардаму гуфтам, Модарҷон,
Имрӯзро зодрӯзи ман бихон.
Гарчи ду моҳ аз таваллудам рафта,
Аз Иди калони мавлудам рафта...
Бегоҳӣ хаста будеду баъди кор,
Меҳмон даъват намудед аз дигарбор.
Амак, тағоҳо, холаҳоямон яксар,
Модаркалон, кӯдакони бозингар...
Ба онҳо гуфтед, ин ҷамъомадамон,
Барои рӯзи милоди писарҷон.
Назди меҳмонон кушода дастархон,
Табрикам кардеду шудам ман шодон.
Шоду хуррам дар оғӯши нарматон,
Дар оғуши муҳаббати гарматон!
Рӯи зонуятон даме нишинам,
Сила кунед аз мӯю сар, бубинам...
Аз рӯятон нуру сафо биборад,
Маро ба ҷониби само барорад!
Парвозеву парвозе.. ҳампарвозеем!
Ману шумо дунёро тай месозем.
Фатҳи замин, фатҳи замон, Модарҷон,
Файзи ҷаҳон, зеби ҷаҳон, Модарҷон!
Парвозамон парвози бахт, эй Модар,
Ман бо Шумо бо тоҷу тахт, Эй Модар!
Written by: Bakhrom Primkulov
instagramSharePathic_arrow_out􀆄 copy􀐅􀋲

Loading...