album cover
Duhtargulam
58
Hip-Hop/Rap
Duhtargulam was released on December 21, 2024 by Bakhrom Primkulov Music as a part of the album 6
album cover
Album6
Release DateDecember 21, 2024
LabelBakhrom Primkulov Music
Melodicness
Acousticness
Valence
Danceability
Energy
BPM91

Music Video

Music Video

Credits

PERFORMING ARTISTS
Shahriyor
Shahriyor
Performer
Furkat Vakhabov
Furkat Vakhabov
Guitar
COMPOSITION & LYRICS
Bakhrom Primkulov
Bakhrom Primkulov
Songwriter
PRODUCTION & ENGINEERING
Oliver M Smith
Oliver M Smith
Producer
Bakhrom Primkulov
Bakhrom Primkulov
Co-Producer
Bruno Ellingham
Bruno Ellingham
Mixing Engineer
Jason Mitchell
Jason Mitchell
Mastering Engineer

Lyrics

Дунё чу нақше аз баҳори хушгилам.
Ҳарфаш ба лаб, созу сурудаш дар дилам.
Ту асли ман!
Ту чеҳраи хушбахти ман,
Шаҳдухтари дорои тоҷу тахти ман!
Дар зимистон гулбоғи зебоям туӣ,
Тӯфон расад, як кӯҳи барҷоям туӣ...
Инсон ба сар савдои беҳад парварад,
Тӯфони оламро чӣ танзим оварад?!
Дар ҳар нафас гармо расад, сармо расад,
Ғавғо расад, пастӣ расад, боло расад.
Гардон фалак, гардон замин, гардон замон,
Ҷон духтарам!
Ту ноаён гаштӣ калон!
Дар ёди ман, он лаҳзаҳои дилнишин,
Бо хандаҳои дояҳои нозанин,
Саҳни таваллудхона шодихона шуд,
Болои мошин - миз шуд, идона шуд!
Гирди падар ёру рафиқони падар,
Файзи баҳорон, ,,рез-резон,, ин қадар!
Дар зери борон мо саропо тар шудем,
Шодонатар,
мастонатар, хуштар шудем!
Ҳамроҳамон дунё суруди бахт хонд,
Ҳа!!
Посбон дар охирон моро биронд....
Ҳарфи нахустини ту дар ёдам ҳанӯз,
Аз лаззату шириниаш шодам ҳанӯз...
Кӯдак будӣ, атласча дар бар доштӣ,
Дар абрувонат усмаи тар доштӣ.
Дидам туро, дар ларза шуд бунёди ман,
Симои модар зинда шуд дар ёди ман.
Аз кудакӣ пурмеҳр будӣ он қадар,
Гулқандро қисматкунон баҳри падар....
Дар хотират бошад, набошад он замон,
Бо хатчаҳои каҷ-каҷак, бозикунон,
Ногаҳ кашидӣ дар варақ акси маро,
Чун хирсаке... каллакалони майдапо...
Аз содагии оламат шодон шудам,
Бар хандаҳои беғашат қурбон шудам.
Гуфтам, ки ин хирсак аҷаб монанди ман,
Зебо кашидӣ суратам, дилбанди ман!
Вақту замон созад гузар мисли шамол,
Мижгон ба ҳам кардӣ, ки шуд фасли камол.
Гуфтам, ки исто вақт, вақти бехабар!
Дигар наояд кӯдакии даргузар!
Лекин бимонад меҳр дар коми падар,
Аз лаззати фарзанд чун ширу шакар!
Ҷонам!
Гумон кардӣ падар пурқувват аст,
То сояаш бошад, бароят давлат аст.
Созад нигаҳбонӣ туро аз ҳар бало,
Аз сагчаҳо, аз шӯру шарри баччаҳо!
Бо ақли парвозии худ хушбоварӣ,
Ёрат падар, бар ҳар хатар зӯроварӣ!
Лекин бидонистам, Худованди низом,
Дода туро, то умри ман ёбад давом.
Э воҳ!
Ман дидам чӣ рӯзони сиёҳ!
Дар базму ишратҳои дунёи гуноҳ.
Ин зиндагӣ бо ман чӣ бозиҳо намуд,
Аз қалби ман бозичасозиҳо намуд.
Эй дил!
Ба набзам гӯш кун! Набзам бидеҳ!
Бар духтарам дилномаи сабзам бидеҳ!
Гуй, умри дигар дода чашмонат маро,
Равшан намуда қисмати ояндаро!
Парвардигоро!
Худ бидеҳ фархундагӣ,
Вазнини вазнин аст бори зиндагӣ!...
Чархи даврон гардон буду гардон бимонд,
Духтарҷонам, ҷавониҳо як сон намонд,
Акнун суруди Шералӣ вирди забон,
,,Муҳаббати аввалинам,, дар мағзи ҷон,
Гумон кардам ҷони инсон аз оҳан аст,
Нешу хала андар миён, дар пову даст.
Ҷону танам аз дард месозад фиғон,
Телфон занам бар духтурон рӯзу шабон...
Падаргӯён дар ёди ман дилат пора,
Дар пухтани мошбиринҷе овора.
Ёдат бошад, мошбиринҷат ҳар сафар,
Нерӯ бубахшад бар тану ҷону ҷигар...
Рӯзе набера ҳам насиби мо шавад,
Дар рӯи дастам давлати дунё шавад.
Аммо куҷо шуд он ,,капот,,- у он ,,мапот,,
Базму тараб, мизи пур аз нуқлу набот?!
Дигар канӣ, он посбону ронданаш,
Ҳайрон зи шӯру шавқи ёрон монданаш.
Аз дӯстони ҳамдами ман зинда кист?
Ёди Музаффар шод!
Ӯ дигар, ки нест!
Рақсону шодон дастҳо афшонду рафт,
Дар дидаи ман ашки талхе монду рафт....
Фарзандҳо ҳам гаштаанд акнун калон,
Бо ҳар набера орзуҳо як ҷаҳон!
Ман аз Худо дорам шабу рӯз илтиҷо,
Қалби чу шери шоирон созад ато.
Фарзандаконро зиндагӣ пурнур бод,
Чашми ҳасудон дур боду кӯр бод!
Расад оҳиста оҳиста шоми фироқ,
Гулдухтарам!
Аз ин куҷо роҳи наҷот!?
Ояд ба мо вақти видоъ, аммо бидон,
Ман зиндаам дар чашми ту то ҷовидон!
Дар гуфтугӯят, дар забонат, дар дилат,
Ҷорист умрам ҳамчунон обу гилат.
Меҳрам равон дар хуни пайвандони ту,
Ишқу умедам банди фарзандони ту.
Дар ёди ту, то ҷой дорам дар ҳаёт,
Огоҳам аз ту вақти андӯҳу нишот.
Ҷондухтарам!
Дар рӯзи идат бо туям,
Ҳар лаҳзаи рӯзи саидат бо туям!
Баҳри ту ҷон афрӯхтам, ҷону ҷигар,
Гаҳ сохтам, гаҳ сӯхтам ҳамчун падар.
Мушкил бувад будан падар дар ин замон,
Гарчӣ бароят медиҳам ман нақди ҷон.
Бар ғам намеарзад ҷаҳон, ғамро бирон.
Аз ман хатое шуд бубахш, эй меҳрубон!
Дунё надорад раҳм бар аҳволи мо,
Парво насозад аз ягон омоли мо.
Ғолиб шудам, мағлуб ҳам дар роҳи хеш,
Умри туро аз умри худ дониста беш.
Дорам туро, ман подшоҳам, духтарам,
Авранги бахти ман туӣ, тоҷи сарам!
Розӣ манам аз зиндагӣ, бо ифтихор,
Гулдухтарам!
Лутфи Худои файзбор!
Эй дил!
Наисто!
Кор кун то дери дер!
Бинам ҷамоли духтарамро, сери сер!
Written by: Bakhrom Primkulov
instagramSharePathic_arrow_out􀆄 copy􀐅􀋲

Loading...