album cover
Dunyoi Digar
39
Hip-Hop/Rap
Dunyoi Digar was released on December 21, 2024 by Bakhrom Primkulov Music as a part of the album 6
album cover
Album6
Release DateDecember 21, 2024
LabelBakhrom Primkulov Music
Melodicness
Acousticness
Valence
Danceability
Energy
BPM95

Music Video

Music Video

Credits

PERFORMING ARTISTS
Shahriyor
Shahriyor
Performer
Oliver M Smith
Oliver M Smith
Piano, Guitar
COMPOSITION & LYRICS
Bakhrom Primkulov
Bakhrom Primkulov
Songwriter
PRODUCTION & ENGINEERING
Oliver M Smith
Oliver M Smith
Producer
Bakhrom Primkulov
Bakhrom Primkulov
Co-Producer
Bruno Ellingham
Bruno Ellingham
Mixing Engineer
Jason Mitchell
Jason Mitchell
Mastering Engineer

Lyrics

Дунёро ман дигар мекардам агар,
Мешуд дароз айёми файзи саҳар.
Дур аз раҳи торики ғуссаву ғам
Осуда буд сайёраи замин ҳам...
Маҳтобро меовардам поёнтар,
Бо сарфарозӣ дар бараш расад сар.
Ба чашмони ту меафтад акси моҳ,
Монанди моҳие дар об, рақси моҳ...
Он лаҳзаҳо мафтуну ҳайрони ту,
Дар сайри субҳонии чашмони ту
Роҳи дилатро ҷустуҷӯ мекардам,
Бо ҷону бо дил гуфтугӯ мекардам...
Аз файзи оромиш, зи субҳи дароз,
Модар биосояд дами хоби ноз
Писарам хонад гуфта ӯ дар се баст,
Беистироҳат, Рӯзу шаб дар кор аст.
Модар! Сароям бо хаёлат бо ашк,
Дар фикри ишқи безаволат бо ашк.
Ту нолаамро бишнавӣ аз дурӣ,
Телфон бизан бар баччаи махмурӣ...
Аз дасти ин дунёи дилдевона,
Афтодаам дур аз туву аз хона
Бар ман чӣ лозим роҳи ному шӯҳрат,
Дар пеши пои ту надида ҷаннат...
Мекардам ман агар дигар дунёро,
Барҳам зада ҷумла ҷангу ғавғоро
Ҷанг аз миён чунон мешуд бедарак
Ҷанговарон мисли мавҷи шаҳпарак
Олам зи умеди дилам чу бустон
Шаҳпаракҳо парпар дар ин гулистон.
Мактабҳоро касе вайрон намекард
Кӯдаконро зору гирён намекард
Насли инсон беҳуда ҷон намедод
Мардум мисли шаҳпаракони дилшод
Паҳнои дунё манзари таҷаммул,
Боғу гулистони ҷаҳон пури гул....
Дигар мекардам ман агар дунёро,
Аз орзуҳоям нуру зиёро
Рангин ҳаёти кӯдакони дунё
Дар дасташон олам китоби зебо.
Дониш бувад чун номае ба тифлон
Дар зиндагӣ барномае ба тифлон.
Пурмуъҷиза, афсонаҳои ширин
Аз хандаву аз гиряҳои дерин
Муаллим дар ҳама замон азиз аст
Дар байни ҷумла мардумон азиз аст
Муаллими сарватмандон шумоед
Раҳнамои давлатмандон шумоед
Номи Шумо дар ҳама даврон олист
Ҷои шумо дар ҳама даврон холист
Рафтани кӯдакон ба мактаб ид аст
Рӯзи муаллимҳо рӯзи Саид аст
Қудрату Ғолиб ёрони ҷавонӣ
Бигзашта аз дунё бо дилгаронӣ
Номи Муаллимро наёбад ҳар кас
Боми Муаллимро наёбад ҳар кас
Роҳи муаллим ҷовидона равшан
Боғи муаллим ҷовидона гулшан!
Ман дунёро агар дигар мекардам,
Ҳарфу суханро чун шакар мекардам.
Дунё ба мисли шеъри зебо мешуд,
Шоҳу гадо шоири гӯё мешуд.
Барқи сухан хандон ба чашми мардум,
Шеъру ғазал аз анҷуман то анҷум.
Ҷое, ки ашъори хушу базеб аст,
Гуфтори неку ҳарфи бефиреб аст.
Шеъре, ки мегуфтам ман ошиқона,
Зебо- зебо, ба Шералӣ тарона
Барои Парфи Рауф, Усмон Азим,
Рози диламро менамудам тақдим..
Ашъори хуш, боовозу беовоз,
Фарзандонам монанди шеърам дамсоз..
Ба қалбу ҷонашон равон муҳаббат,
Вуҷудашон пур аз меҳру садоқат!!
Дар доманам эҳё мешуд ин дунё,
Фарзандонам аз ман нагашта ҷудо
Рӯзу шабон дар барашон мемондам,
Афсонаҳою қиссаҳо мехондам.
Аз Қинғурот, аз дашти Ҷамбул қисса,
Аз саргузашти Алибобо ҳисса...
Суханҳои тоза аз рӯҳи замон,
Аз ҳасрати Зумрад, ғами одамон.
Дарди дилам чун қисса калон шавад,
Ба дидаи фарзандон аён шавад
Сарвари ман аз қисса шуда дилшод
Ба фарзандон яхмоси ширин медод.
Ба хона рав, ба назди фарзандонат,
Афсона бар бо чеҳраи хандонат.
Фарзандонат интизори афсона,
Монанди гул, дар манзари гулхона!
Дигар шавад дунё агар, чӣ дунё,
Рангинкамони зиндагӣ чӣ зебо!
Мисли кулол аз тобиши рангоранг
Зарфофарин бо хоҳиши рангоранг
Субҳона дар Париж агар мекардем,
Шоми худро мо дар Боку мехӯрдем.
Хони мо густурда дар Афросиёб,
Дар пойтахти Темур, рӯ ба меҳроб.
Пироҳанат аз Гуччӣ, киф аз Куэл,
Дар паҳлӯям дурахшонӣ, ба сад хел...
Хотирамон ҷамъу ҳама оромӣ,
Луқма ҳалол аз қисмати хушкомӣ.
Дунё амон, осудаву озода,
Ҳатто дари зиндонҳо бикшода.
Олам пур аз гулҳои накҳатбор аст,
Дар дидаҳо афсонаи дидор аст.
Дунё пур аз нуру сафо мегардид,
Ҷавлонгаҳи ишқу вафо мегардид!
Дигаргун мекардам агар дунёро,
Ройгон буд ҳама доруву даво
Не, не! Чӣ лозим аслан ин дорувор?
Дар зиндагӣ саломат будан даркор!
Аз олам гум мешуд номи беморӣ,
Ашёи тиббӣ чизи нодаркорӣ!
Аҷал ин сон ҳукмаш раво намебуд,
Ҳам бемаҳал рафтан зи мо намебуд.
Мардум ҳама осудаву саломат,
Беморӣ - танҳо бемори муҳаббат.
Дарди ҳама инсон бошад дарди ишқ,
Гарде аз зиндагӣ расад, гарди ишқ.
Маҷнуни Маҷнунҳо бошам худи ман!
Аз ишқи ту девонаи сад гулшан!
Аз дарди ошиқӣ дору накобам,
Дарду даво, ишқи туро биёбам!
Дунёро ман агар дигар мекардам,
Вақти висоли ошиқон буд ҳар дам
Дар нури васли якдигар парвона,
Монанди ишқи аввалин афсона...
Бо дилбарӣ ҳар дам кунӣ наззора,
Ҷону дилам баҳрат мешуд садпора...
Чашмат хумору дар лабат табассум,
Бо ҷилвае ақлу ҳушам шавад гум...
Ҳис мекунам ҳоло, ки мо ҷавонем,
Дар кӯи ошиқӣ саргаштагонем.
Донистам, ин дунёи сабру тоқат,
Монанди зиндон бошад бе муҳаббат.
То дунё боқӣ бошад, мо якҷонем.
Қасди худро аз қисмат меситонем.
Мову ту чун як қиссаи нотакрор,
Ба фарзандон хотираҳомон бисёр....
Агар зӯрам намерасад ба дунё...
Бо будани ту мешавам тавоно!
Дунёи меҳрубони ман ту ҳастӣ,
Ҳамрозу ҳамзабони ман ту ҳастӣ!
Шабҳои торам аз рухат пури моҳ,
Дар қалби ту барои ман бувад ҷоҳ.
Бо дарду ҳасрату ғаму шодиҳо,
Дар дили хушбахти ту мешавам ҷо.
Ҳар ҷо бошам, ба хона бармегардам,
Бо як ҷаҳон тарона бармегардам.
Ғамгин наям, дигар нашуд гар дунё,
Беҳтар зи дунёям туӣ, ту танҳо!!!
Written by: Bakhrom Primkulov
instagramSharePathic_arrow_out􀆄 copy􀐅􀋲

Loading...