Credits

PERFORMING ARTISTS
Shahriyor
Shahriyor
Performer
Furkat Vakhabov
Furkat Vakhabov
Guitar
COMPOSITION & LYRICS
Bakhrom Primkulov
Bakhrom Primkulov
Songwriter
PRODUCTION & ENGINEERING
Oliver M Smith
Oliver M Smith
Producer
Bakhrom Primkulov
Bakhrom Primkulov
Co-Producer
Bruno Ellingham
Bruno Ellingham
Mixing Engineer
Jason Mitchell
Jason Mitchell
Mastering Engineer

Lyrics

Аз бачагии ман монда хотира,
Симои падарам, зебо манзара
Аз ин хобу хаёл нашуд дил канда,
Дар шохи баланде, лонай паранда...
Се- чор чӯҷаякаш, нағмасароён,
Ошиқона хоҳанд, аз муҳаббат дон..
Боле ба сад умед бикшод паранда,
Аз паи рӯзияш афтод паранда...
Сайдаш чӣ буд оё? Кирме ё доне?
Барои чӯҷаҳо, ризқи резоне...
Ҳамин! Ҳамин иде! Хотирашон шод!
Лаҳни шодонае, лонае обод!!
Ба ёдат дилам танг, нарасад нафас...
Ҳавасам меояд, падарҷон ҳавас!
Ҳавою ҳавасҳо буданд аз шумо,
Аз чашми мо рафтед, охир бар куҷо!?
Оҳ агар ман гӯям, қисса бепоён,
Қисмати мурғона, нолону ҳайрон...
Аз кӯдакистонаш мебарад падар,
Хушбахтии кудак аён дар назар!
Бозии футболаш чӣ хуш, бо падар,
Ҳавас мебиёрад бо шӯру шарар.
Ҳатто бо гуноҳе аз дасти падар,
Танбеҳ ҳам гирад ӯ, зебо дар назар.
Ишқи падар бузург, олам бувад танг,
Оҷиз шавад пешаш ин шеъру оҳанг!
Падар! Мадад лозим ба ҳар як инсон,
Бе мададгор одам набуд дар ҷаҳон.
Як раҳнамо, ҳамсӯҳбати дилу ҷон,
Бо як дуъо, озодаву меҳрубон.
Дар кӯдакӣ хеле муҳим буд маро,
Ҳамдарди дил, ҳамроҳи равшангаро!
Танҳоӣ сахт аст! Дӯшбораш гарон!
Дунё калон -ман мисли як зарра ҷон.
Ман сӯхтам дар олами пурсавдо,
Дилхун шудам, то зинда монам танҳо.
Гоҳе ба роҳи рост, гаҳ бероҳа,
Дар роҳи савдое дусад пайроҳа!
Хуноби дил гаштам, хиёнат дидам,
Бас душманони бедиёнат дидам!
Давлат падар, савлат падар гӯяд халқ,
Ҳаҷри падар - доғи ҷигар гӯяд халқ..
Қисмат маро аз давлатам дур андохт,
Танҳо ба дунёи шару шӯр андохт.
Ҳайрон шудам, нону намак заҳре шуд,
Ман қатрае, танҳоиям баҳре шуд!
Як меҳрубон, як модари танҳоям,
Ҳамқисмату ғамхораи яктоям.
Дар як сари танҳо ду дунё ташвиш,
Се ҷои кораш буду садҳо ташвиш.
Оям зи мактаб, модарам нест, аммо,
Рӯи мизам хони ғизо муҳайё..
Аз хоб мехезам саҳар, ӯ бедор,
Модар зимистону баҳорон дар кор.
Рӯзу шабон дастархонам омода,
Либоси ман шуста, тоза, озода...
То як рамақ дорам, қасам бар ҷонам,
Созам нисори роҳи модарҷонам!
Дар кӯдакӣ падар модар, -ду дида,
Дар гирди хон хандидаву болида.
Суҳбаткунон бо лаҳни меҳрубонӣ,
Будед бахти мо..
Эҳ..зиндагонӣ!!!
Одам ба воя гар расад, инсон аст,
Шукри Худо. Тақдири ман ин сон аст!
Гарчӣ ба ҳасрат рафта зиндагонӣ,
Бишкаста болам дар дами ҷавонӣ...
Аз рӯзҳои сахти худ гузаштам,
Аз солҳои бенаво гусастам.
Дардам ба ҷон ғунҷоише надорад,
Ҷонам аз он оромише надорад.
Вақту замон созад шифо мегуфтанд,
Дарди ту ҳам ёбад даво мегуфтанд.
Аммо ҳанӯз ашки ҷудоӣ резам,
Аз меҳратон охир куҷо гурезам?!
Чархи фалак, давру замон гузар кард,
Қисмат маро шукри Худо, падар кард.
Фарзандони нозанин расиданд,
Гарчӣ шуморо рӯ ба рӯ надиданд.
Бахти набераҳо надида, падар,
Кардед аз ин дурӯза дунё гузар.
Аз лутфашон боре баҳра набурдед,
Аз меҳрашон боре шодӣ накардед.
Бозикунон, мактабравон надидед,
Ҳатто маро..як навҷавон надидед....
Гаштем зуд аз ҳам ҷудо, падарҷон,
Ин буд тақдири Худо, падарҷон!
Дар як нафас ман ҳам шудам калонсол,
Дидам каму беши ҷаҳон зи иқбол.
Ёди шумо ҳамроҳи ман шабу рӯз,
Меҳри падар дар зиндагӣ дилафрӯз.
Шояд Шумо ғам дидаед аз қисмат,
Монанди ман ранҷидаед аз қисмат,
Онро фаромӯш карданам осон не,
Чархи фалак як чархаки гардон не...
Шояд, падар, ғам хӯрданд аз ман беш,
Аз дасти ин дунёяки кофаркеш...
Он чӣ зи ашку хандаҳо мемонем,
Чун нома бар ояндаҳо мемонем...
Ҳоло, даме аз худ фаромӯшам ман,
Вомондаву ҳайрону хомӯшам ман.
Шояд ба танҳоӣ намудам одат,
Бо ғуссапаймоӣ намудам одат
Як лаҳза аз бигзаштаҳо дил кандам,
Гӯё, ки бар ояндаҳо дил мондам.
Аммо агар сад сол созам хомӯш,
Дардам намегардад зи дил фаромӯш...
Акнун ба хобам мешавам дар парвоз,
То осмони босафо, бо сад роз..
Лек аз замин намешавад дил канда,
Аз шохсор, аз лонаи паранда....
Written by: Bakhrom Primkulov
instagramSharePathic_arrow_out

Loading...